- ақл
- [عقل]а. қобилияти дарки моҳияти чизҳо, қобилияти фаҳмиш, қувваи идрок ва дарёфти неку бад; зеҳн, фаҳм, хирад: ақли баркамол, ақли расо, ақли солим, ақлу заковат, ақлу тамиз, ақлу фаросат, ақлу фаҳм, ақлу ҳуш; ақл ба чизе (касе) банд шудан дар фикри чизе (касе) шудан; ақлро ба ҷояш мондан ҳушёр шудан; ақл бовар накардан нодурустии чизеро фаҳмидан, ғайривоқеӣ будани чизеро дарк кардан, шубҳа кардан; ақл бой додан мафтун шудан, шефтаи чизе шудан; ақл гум кардан парешонхотир гаштан; аз ақл бегона шудан девона шудан; ақл даромадан боақл шудан, неку бадро фарқ мекардагӣ шудан; ақл дар ҷояш будан қобилияти дарккунӣ доштан, ақлнок будан, ҳушёр будан; ақл доштан боақл будан, соҳиби фаҳму шуур будан; бомулоҳиза будан дар корҳо: ақл медошт, ин корро намекард; ақл ёд додан, ақл омӯхтан ба дигарон гӯё аз худ нодонтаронро кор (гап) ёд додан; ақли худро хӯрдан беақлона кор кардан, бефикр рафтор намудан; девона шудан; ақли худро шинохтан боақл шудан, ба воя расидан; ақл(ро) кор фармудан мулоҳиза кардан, андеша намудан; ақли касеро рабудан мафтун кардан; шефтаи худ намудан; ақл нарасидан фаҳмида натавонистан, қобили дарки чизе набудан; ақлу ҳуш бурдан (дуздидан) моту мабҳут кардан; ҳайрон намудан, касеро мафтуну шефтаи худ кардан, ақлу ҳуш аз сар паридан беидрок гардидан, қобилияти идрокро гум кардан; ақлу ҳуш ҷамъ кардан барои дарёфти чизе тайёр шудан, фикри худро ба як ҷо ҷамъ намудан; аз ақл берун ғайри қобили дарк; ғайри боварибахш; ғайри қобили қиёс; бемаънӣ; аз ақл дур аз имкон дур, ғайривоқеӣ; аз ақл бегона шудан ақл гум кардан; девона шудан: ақли нодон пас аз пешин медарояд (мақ.) дар ҳаққи касе гуфта мешавад, ки баъди кор аз кор гузаштан моҳияти масъаларо дарк мекунад ё кореро аз вақташ гузаронида, баъд ба иҷрояш кӯшиш мекунад; ба ақл намеғунҷад (рост намеояд) аз доираи ақл берун аст; бо чашми ақл нигаристан ақлро кор фармудан дар коре, муносибати мулоҳизакорона кардан; бо ақли худ кор кардан мувофиқи фикри худ мустақилан амал намудан; одаму ақл яъне одам бо ақлаш одам аст, ақл одамро одам кардааст
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.